Сармоягузории 20 миллиард долларии Саъудӣ дар Покистон

Хабари хуб 18.02.2019 14:03

Соъоте ас аз вуруди Муҳаммад бини Салмон подшоҳи Арабистони Саъудӣ ба Исломобод пойтахти Покистон, қарордодҳое ба арзиши 20 миллиард доллар дар ҳузуи вай миёни мақомҳои саъудӣ ва покистонӣ ба имзо расид.

Шоҳи Саъудӣ дар як пойгоҳи низомӣ дар наздикии Исломобод тавассути Имронхон нахуствазир ва шумори зиёде аз мақомҳои давлатӣ ва низомии Покистон мавриди пазироӣ қарор гирифт.

Нахуствазири Покистон шахсан мошини ҳомили Муҳаммад бини Салмонро то кохи садорат ронд. Ҷое, ки ҳар ду мақом дидор ва гуфтугӯ карда ва аз маросими имзои қарордодҳои ҷадид назорат карданд.

Шоҳи Саъудӣ қарордодҳои ҷадидро ба суди ҳар ду кишвар хонд ва гуфт, ки ҳар моҳ ва ҳар сол ба ҳаҷми ин сармоягузориҳо афзуда хоҳад шуд.

Муҳаммад бини Салмон бо ишора ба аҳамияти равобити Арабистон бо Покистон дар оянда гуфт, ки дар нахустин сафараш ба сифати валиъаҳди Саъудӣ, Покистонро баргузидааст.

Нахуствазири Покистон низ ба навбаи худ гуфт, ки бар асоси қарордодҳои ҷадид, Арабистон дар сектори полоиши нафт, нефтхимия ва энергетика дар Покистон сармоягузорӣ хоҳад кард.

Имронхон ҳамчунин афзуд: “мо даҳлези иқтисодии Чин-Покистон”-ро дорем, мо бо Чин равобит дорем. Пас аз иштироки Арабистони Саъудӣ дар ин бахш истиқбол мекунем”.

Покистон равобити дерина ва маҳками сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дифоъӣ бо Арабистони Саъудӣ дошта ва ҳамакнун 2.5 миллион покистонӣ дар Арабистон саргарми кор буда ва низ Арабистон яке аз фароҳамкунандагони бузурги нафт барои Покистон маҳсуб мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97