Оромгоҳи Карл Маркс дубора мавриди харобкорӣ қарор гирифт

Хабари хуб 18.02.2019 11:04

Оромгоҳи файласуфи олмонӣ дар гӯристони Ҳойгити Лондон барои бори дуввум мавриди харобкорӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз “The Guardian”, оромгоҳи Карл Маркс файласуфи олмонӣ дар гӯристони Ҳойгити Лондон барои дуввум бор аст, ки мавриди таҳқир ва харобкории афроди ношинос қарор мегирад.

Харобкорон рӯйи муҷассамаи ёдбуд ва санги оромгоҳи Моркс ибороте аз қабили “дуктарини нафрат” ва “меъмори наслкушӣ”- ро бо ранги сурх навиштаанд.

 Карл Маркс файласуфи шаҳири олмонӣ дар соли 1849 ба Лондон муҳоҷират кард ва боқии умри худро дар ин шаҳр гузаронд. Вай дар 14 марти соли 1883 ва дар замоне, ки 63 сол умр дошт даргузашт. Масъулон осеби ворида ба оромгоҳи Маркро ҷуброннопазир унвон кардаанд.

Оромгоҳи Маркс дар гӯристони Ҳойгит дар листи маконҳое талаққӣ мешавад, ки ҷузъи мероси гӯристон аст ва бояд зери нигаҳбонӣ бошад. Маркс ба унвони бунёнгузори коммунизм шинохта мешавад ва осори муҳимме мисли “Манифести коммунист” ва “Капитал”-ро ба риштаи таҳрир даровардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар авоили моҳи феврал низ иддае аз афроди ношинос ба оромгоҳи бунёнгузори “сусиёлизми илмӣ” ҳамла карда ва бо абзоре сахт ба пояи мармарии он осеб расонида буданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97