Боз резиши куҳпорае дар Дарвоз харобкорӣ кард

Хабари хуб 18.02.2019 09:31

Рӯзи 17 феврали соли равон дар 355 километрии шоҳроҳи Душанбе Кӯлоб Хоруғ , дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз бар асари фаромадани кӯҳпора боғчаи кӯдакон, дар саҳни ҳавлии мактаби миёнаи ин деҳ валангор шудааст..

Гуфта мешавад, ба ҳангоми фаромадани куҳпора боғчаи кӯдакон таътил будааст ва ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ноҳияи Дарвоз дар 10-гонаи ноҳияҳои осебпазир аз офатҳои табиӣи ҷумҳурӣ ворид шудааст. Ҳафтаи гузашта резиши куҳ боиси хароб шудани як хона ва чанд иншооти хоҷагии мардуми деҳаи Сангеви ноҳияи мазкур шуда буд. Ва то ҳанӯз сокинони ин мавзеъ аз такрори ҳамчунин ҳодиса бим доранд ва шабҳоро бо ҳарос рӯз мекунанд.

 

 

Аксҳо аз Фатҳиддин Ҷайҳонӣ, сокини деҳаи Ёгед ноҳияи Дарвоз

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97