Ихтисоси 222.6 миллион доллар барои идомаи сохтмони Роғун дар соли 2019

Хабари хуб 18.02.2019 08:31

Файзиддин Қаҳҳорзода вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуъотӣ аз ҷудо кардани 2.1 миллиард сомонӣ ( 222.6 миллион доллар) аз будҷаи ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2019 хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта барои сохтмони Роғун бо ба ҳисоб гирифтани маблағҳои иловагӣ 4.7 миллиард сомонӣ (498.4 миллион доллар) ҷудо карда шуд, ки ин нишондод ба миқдори 889 миллион сомонӣ бештар аз соли 2017 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар моҳи октябри соли гузашта барои сохтмони ин пружа 749 миллион сомонии иловагӣ низ ҷудо карда шуд.

Қаҳҳорзода ҳамчунин изҳор дошт, ки бо созмонҳои молии байналмиллалӣ барои сармоягузории ояндаи Роғун гуфтугӯҳо идома дорад.

Дар назар аст, ки агрегати дуввуми Роғун дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Агрегати аввали неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энергетикии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Неругоҳи Роғун бо сади 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт-соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон натанҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97