Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардааст

Хабари хуб 16.02.2019 09:48

Соли гузашта дар Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳое монанди Қирғизистон ва Молдавия ба маротиб камтар ҷиноят содир шудааст.

Аҳолии ин ду кишвари собиқ Шӯравӣ камтар аз Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2017, Молдова - 3,55 миллион, Қирғизистон - 6,202 миллион ва Тоҷикистон 8,921 миллион аҳолӣ доранд.

Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2018 дар Молдавия 32 ҳазору 32 тенъдод ва Қирғизистон – 29 ҳазору 718, аммо дар Тоҷикистон 21 ҳазору 957 ҷиноят содир шудааст. Агар ин рақам бо Белорус, ки бино ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, 9,5 миллион нафар аҳолӣ дорад ва дар соли 2018 дар ин кишвар 83 ҳазору 813 ҷиноят содир шудааст, қиёс шавад, натиҷаи қобили мулоҳазае ба даст меояд, ки дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ, ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар Молдова – 902, Қирғизистон – 477, Белорус – 882 ва Тоҷикистон – 246 ҷиноят рост меояд. Аммо ба омори дохилии Тоҷикистон, ки аҳолии кишварро 9 миллион нафар ҳисоб мекунад, такя кунем, ин рақам ба ҳудуди 240 баробар мешавад.

Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ теъдоди бештари ҷиноятҳо дар Қазоқистон сабт шудааст. Дар ин кишвар, ки тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ (2017) 18 миллиону 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, соли гузашта 263 ҳазору 138 ҷиноят содир шудааст, ки сари ҳар 100 ҳазор кас 1461 ҷиноят рост меояд.

Дар Русия, ки 144,5 миллион нуфус дорад, 1 миллиону 992 ҳазору 532 ҷиноят содир шудааст ва 1378 ҷиноят сари ҳар 100 ҳазор нафар аст.

Узбакистон бо 32 миллиону 390 ҳазор аҳолӣ кишварест, ки тибқи омори расмӣ, камтарин теъдоди ҷиноётро мутаҳаммил шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар соли гузашта 49 ҳазору 11 ҷиноятро сабт кардаанд ва ин рақам сари ҳар 100 ҳазор нафар ба 151 ҷиноят баробар аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, коҳиши ҷинояткориро қабл аз ҳама ба тақвият ёфтани ҳамкорӣ миёни мақомоти милиса ва мардум, боло рафтани ҳирфаияти милисаҳои тоҷик дар пайи раванди ислоҳоти ниҳодаш хонд.

Манбаъ: Спутник

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97