«МегаФон Тоҷикистон” барои 1.5 миллион сокини Суғд интернети 3G-и роҳандозӣ кард

Хабари хуб 15.02.2019 13:35

Ширкати "МегаФон Тоҷикистон" барномаи тавсеъаи шабака дар вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2018-ро ҷамъбаст кард. Оператори ин шабака сифати дастрасии интернетро дар чаҳор шаҳрак ва панҷ ноҳияи вилоят ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаннӣ зиёда аз 500 ҳазор сокинони вилояти Суғд тавонистанд дастрасии мобилӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ бо суръат то 42 Мбит/с – ро пайдо кунанд.

Бо ибтикори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаҳои ҷадид бо стандарти 3G дар ҷамоъатҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Ашт, Шаҳристон ва Спитамен насб карда шуданд. Акнун сокинони маҳаллӣ, инчунин меҳмонон аз ҷумҳурии Узбекистон ва дигар кишварҳо метавонанд, ки дар ин ҷо аз интернетҳое истифода баранд, ки суръати онҳо дар муқоиса ба шабакаҳои насли пеш якчанд маротиба баландтар аст.

Ин навъи интернет имкон медиҳад, ки бардоштҳои худро бо дӯстон ва хонавода дар шабакаҳои иҷтимоъӣ табодул, ба роҳатӣ видеоҳои онлайниро тамошо ё мусиқӣ гӯш кунанд ва ҳамчунин файлҳои бузургҳаҷмро, ки барои кор заруранд, ба таврӣ фаврӣ ирсол намоянд.

Дар ҳоли ҳозир бештари истгоҳҳои насли саввуми “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд бо таҷҳизоти DC-HSDPA + бо истифода аз ду басомади интиқолдиҳанда фаъолият мекунанд. Ба ҳамин далел ҳудуди фарогирии хидматрасонии мобилӣ ва суръати дастрасии интернет дар ин минтақа афзоиш пайдо кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97