Задухӯрди гурӯҳии беш аз 100 нафарӣ ва тирпарронӣ дар Маскав

Хабари хуб 15.02.2019 12:47

Хабаргузоии “Спутник” ба нақл аз телевизиони РЕН ТВ гузориш медиҳад, ки дар ҷануби шарқи Маскав бо ширкати ҳудудан аз 70 то 100 нафар задухӯрди шадиди гурӯҳӣ ва типаронӣ рух додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ,ин задухӯрд ва ҷанҷол дар ресторани "Неолит" замоне оғоз шуд, ки ба он гурӯҳи мардон зада даромаданд. Онҳо мизоҷони қаҳвахонаро ба берун андохтанд.

Пас аз ин дар қаҳвахона тирпарронӣ сар шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҷанҷол аз 70 то 100 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷа наздики 10 нафар маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин қаҳвахона чунин ҷанҷол пештар низ чанд маротиба рух дода буд.

Ба гутфаи кормандони қаҳвахона, ҷинояткорон мехостанд ба соҳиби ресторан ҳамла кунанд.

Дар пайи ҳодиса 10 нафар боздошт шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97