Ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистон

Хабари хуб 15.02.2019 10:54

Заробиддин Қосимӣ сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ба Саъд ал-Адвонӣ мудири кулли агентиҳои сайру сайёҳати Шарқи Миёна дар қароргоҳи сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистон ва шиносоии ин кишвари биҳиштосо аз мавзуъоти меҳварии дидори сафири тоҷик ва ин масъули соҳаи туризми кишварҳои араб гуфта мешавад.

Баъди ин мулоқот мудири кулли агентии сайру саёҳат тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гуфтаи дафтари матбуъотии вазорати хориҷа, сафари мудири кулли агентиҳои сайру сайёҳати Шарқи Миёна бо гурӯҳи калони намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои арабӣ дар моҳи марти соли 2019 ба шаҳри Душанбе ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст замони ахир равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ рӯ ба афзоиш аст.

Сафарҳои мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ гувоҳи рӯ ба беҳбудии равобит миёни Душанбе ва кишварҳои араб аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97