Вазорати дохила: соли 2018 аз ҷониби ноболиғон 907 ҷиноят ба сабт расидааст

Хабари хуб 15.02.2019 10:25

Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: соли 2018 аз тарафи ноболиғон 907 ва аз ҷониби ҷавонон 4 ҳазору 965 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи номбурда, бо вуҷуди он ки аз ҷониби масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд, мутаассифона, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ин давра содиргардида 25 фоизаш ба хонандагони мактабҳо рост меояд.

Зимнан, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2011 дар кишвар қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии  ин масъаларо фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълим додани фарзандон мебошад.

Лекин имрӯз ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе аз волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба ин масъала хунукназарӣ мекунанд ва ё онро нодида мегиранд.

Дар робита ба ин Рамазон Раҳимзода гуфт: «Барои иҷро нагардидани муқаррароти қонунии мазкур нисбат ба падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 16 ҳазору 340 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд».

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли равон Юсуф Раҳмон додситони кулли ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби ба ҷиноят даст задани  ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайн,  атрофиёни онҳо ва бе шуғл будани ин қишри ҷомеъа маънидод кард.

Манбаъ: Ховар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97