Таътили 6 рӯзаи шаҳрвандон дар “Наврӯз-2019”

Хабари хуб 15.02.2019 10:07

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар иди “Нарврӯз-2019” барои 6 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Расман дар Тоҷикистон иди Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март таҷлил мегардад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, бинобар ба 23 ва 24 рост омадани рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои кории баъди он – 25, 26 март истироҳатӣ хоҳанд буд.

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ Наврӯз-2019 дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор карда шавад.

Бар асоси қарори мазкур, нақшаи чорабиниҳои ҳукумати пойтахт барои омодагӣ ва таҷлили иди байналмилалии “Наврӯз – 2019” тасдиқ гардида, муовинони раис ва роҳбарони навоҳии пойтахт масъули иҷрои он таъин шудаанд.

Раёсати иттилоъот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  раиси  шаҳри Душанбе ва расонаҳои давлатии пойтахт муваззаф шудаанд,  рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма инъикос намоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97