Пирӯзии хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи нанотехнология дар Маскав

Хабари хуб 14.02.2019 13:41

Бино ба иттилоъи литсей-интернати  Тоҷикистону  Россия «Ҳотам ва ПВ»  ба хабаргузории «Ховар», Далер Пиров хонандаи синфи 10-и ин мактаб дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муъосир (нанотехнология), ки дар шаҳри Маскав пойтахти Русия баргузор гардид, мақоми аввалро касб кард.

Ба гуфтаи ин манбаъ, даври ғоибонаи Олимпиада аз 1 ноябри соли 2018 то 31 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов  баргузор гардид. Дар он зиёда аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун  ширкат намуданд.

Ҳамчунин Яҳё Шамсиев, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода хонандагони синфҳои 8 ва 11- ин литсей натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.

Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд.

Хонандагони тоҷик бо ғолибият дар бахши ғоибонаи озмун ба даври ниҳоии он, ки дар Русия баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97