Синни миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 73 солро ташкил медиҳад

Хабари хуб 14.02.2019 13:14

Бар асоси пажӯҳиши “Global Burden of Disease”, ки нашрияи пизишкии “Lancet” мунташир кардааст, дар Тоҷикистон ба таври миёна мардум 73.7 сол умр мебиданд.

Ин нишондод  дар Узбекистон 73,8 сол мебошад ва ин кишвари аввали минтақа дар робита ба ин мавзуъ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз лиҳози синни миёнгини аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дувумин кишвар пас аз Узбекистон ба шумор меравад.

Умри миёнаи мардум дар Қазоқистон 72,4 сол, дар Қирғизистон 70,9 сол ва дар Туркманистон 70,4 сол бароварда шудааст.

Дарозумртарин мардуми ҷаҳон аҳолии Гонконг ба шумор меравад, онҳо ба таври миёна 84,3 сол умр мебинанд. Ин шохис дар Ҷопон 83,8 сол ва дар Итолиё 83,5 сол мебошад.

Пажӯҳишгарон таъкид мекунанд, ки аз соли 1950 то 2017 дар ҷаҳон тадовуми умри мардҳо аз 48 то 70,5 сол ва занҳо аз 53 то 76 сол афзойиш ёфт.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97