Бо амри раиси ҷумҳур: 310 ҳазор сомонӣ барои озмуни “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ҷудо карда мешавад

Хабари хуб 14.02.2019 09:38

Ба муносибати таҷлил аз 30-юмин солгарди истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад.

Дар ин озмун қишрҳои мухталифи ҷомеъа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар ширкат карда метавонанд.

Гуфта мешавад, ки озумуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар баргузор карда мешавад.

Ин озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи январи соли 2019 то моҳи декабри соли 2019 идома меёбад. Аз аввали моҳи январ то 10 июни соли 2019 барои хондани асарҳо ва аз ёд кардани шеъру достонҳо (интихоби жанр, хондани асар ва миқдори аз худ кардани мисраъ ба қобилияти иштирокчӣ вобаста аст) вақт дода мешавад.

Даври якуми озмун  нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ҷамъбаст мегардад.

Даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад.

Аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр ба мақсади хондани  китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз ин вақти иловагӣ истифода карда, ба ҷамъбасти даври чорум омодагӣ мегиранд. Озмуни даври чорум барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. 

Шоҳҷоизаи озмун 50 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳамаи ғолибонро унвону мукофотпулӣ ва тӯҳфаҳо интизор аст. 

Хоҳишмандон метавонанд иттилоъи бештар ва муфассал дар ин мавридро аз дафтари матбуъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастрас кунанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97