Тоҷикистон бо Қатар дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунад

Хабари хуб 14.02.2019 08:47

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ аз ба роҳ мондани парвози мустақими ҳавойи байни Душанбе ва Дуҳа дар ояндаи наздик хабар дод.

Икром Субҳонзода директори ин ниҳоди давлатӣ гуфт, ки дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ намояндагони мақомоти авиатсияи Қатар ба Тоҷикистон сафар карданд.

Зимни сафари корӣ онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ лоиҳаи Созишнома доир ба пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду кишвар тавассути масири ҳавоиро омода ва баррасӣ  намуданд.

Икром Субҳонзода афзуд, ки айни замон Тоҷикистон бо 23 кишвари  ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ  доир ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидааст, ки онҳо парвозҳои мустақими ҳавоиро ба танзим медароранд.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар шаҳри Дуҳа  Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қатар доир ба танзими қувваи корӣ дар Қатар ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тоҷикистон ва Қатар эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони Қатар ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97