Коршиноси ҷавони тоҷик намояндаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд

Хабари хуб 11.02.2019 09:39

Комрон Раҷабиён коршиноси ҷавони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Женева ҳамчун ширкаткунандаи нави Барномаи коршиносони ҷавони ин ниҳоди бонуфузи байналмиллалӣ муаррифӣ шуд.

Дар ин бора сайти расмии Созмони ҷаҳонии тиҷорат гузориш додааст.

Робердо Азеведо мудири кулли СҶТ аз 15 коршиноси ҷавон, ки аз миёни 1500 номзади сартосари ҷаҳон интихоб шуданд, истиқбол кард.

Ширкаткунандагони Барномаи коршиносони ҷавони ин созмон дар муддати як сол бо фаъолияти созмон ошно хоҳанд шуд.

Ин барнома аз соли 2016 фаъолият дорад ва ҳадафи он густариши донишу таҷрибаи коршиносони ҷавони кишварҳои рӯ ба рушд ва камрушд бобати масоъили СҶТ мебошад.

Барнома ба аъзое, ки то ба ҳол дар дабирхонаи СҶТ дар сатҳи ҳирфаӣ муаррифӣ нашуданд, таваҷҷӯҳи вижа медиҳад.

Манбаъ: ТоҷикТа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97