Марде бо вазни 140 килорамм аз табақаи 12-ум афтод ва зинда монд

Хабари хуб 11.02.2019 09:05

Як марди рус, ки 140 килограмм вазн доштааст, аз тирезаи хонаи воқеъ дар табақаи 12-уми як бино ба замин сарозер шуда ва зинда мондааст.

Ба гузориши Спутник, ҷавони 36 солаи сокини минтақаи Зеленогради шаҳри Маскав аз тирезаи бинои 12 ошёна ба пойин афтод ва зинда монд.

Гуфта мешавад, ки ягона сабаи зинда мондани вай фарбеҳии зиёди ӯ мебошад, ки ҳини расидан ба замин зарбаро камтар кардааст. Муҳимм аз ҳама ин аст, ки ин ҷавон нахуст ба дарахт бархӯрдааст, қисмати асосӣ ва зарбаи сахтро ба худ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир ин ҷавони фарбеҳ дар шифохона дар бистари беморӣ қарор дорад, зеро дар асари ба замин бархӯрдан устухони камараш осеб дидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97