Хушбахт Қурбонмамадов ҷудокори тоҷик барои 25-ум бор медали тилло ба даст овард

Хабари хуб 08.02.2019 09:56

Ин варзишкори тоҷик  дар торихи 3 феврали соли ҷорӣ дар мусобиқаи соҳаи ҷудои ба номи Ҷимӣ Педро дар шаҳри Бостони Амрико соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд.

Ин 25-умин медали тиллои Хушбахт дар сабқатҳои Амрико мебошад. Дар мусобиқаи байнулмилаллии Бостон ба номи Ҷимӣ Педро дар риштаи ҷудо беш аз 350 варзишкор аз манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла Канада, Австралия, Амрико, Гурҷистон ва ғайра байни ҳам рақобат карданд.

Паҳлавони тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар ин сабқат дар вазни 66 кг дар финали ин мусобиқа рақиби худ аз Канадаро мағлуб карда, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд.

Паҳлавони тоҷик дра саҳифаи худ бо қадрдонӣ аз мухлисонаш навиштааст, ки сипос ба ҳамаи шумо, ки ба ман бовар кардед, маро барои омодагӣ ба ин сабқат кӯмак намудед.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97