Мақомоти тоҷик: шаҳрвандон барои кор дар соҳаи тиб, муҳандисӣ ва посбонии биноҳо дар Қатар ҷалб карда мешаванд

Хабари хуб 08.02.2019 09:25

Мақомоти тоҷик дар посух  ба суоли радиои Озодӣ дар робита ба ин ки чи касоне метавонанд барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар сафар кунанд мегӯянд: шаҳрвандони Тоҷикистон асосан барои кор дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, соҳаи тиб, муҳандисӣ ва посбонии биноҳо дар Қатар ҷалб карда хоҳанд шуд. Вале онҳо гуфтанд, ин кор фақат пас аз тасвиби созишнома аз тарафи порлумони ду кишвар мумкин хоҳад шуд.

Созиши Тоҷикистону Қатар дар бораи муҳоҷират садҳо нафарро барои дарёфти кору маъоши муносиб дар ин кишвари арабӣ умедвор кардааст.

Созишнома миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нерӯи корӣ рӯзи 3-юми феврали имсол дар шаҳри Дуҳа аз тарафи намояндагони Вазоарти кори ду кишвар имзо шуд, вале ҳанӯз аз тарафи порлумонҳо ба тасвиб нарасидааст. Дар Тоҷикистон камбуди ҷойи кор яке аз мушкили асосист ва солона беш аз як миллион нафар бо умеди дарёфти рӯзӣ ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъули ҷалби сокинон барои кор дар Қатар Агении таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар хоҳад шуд, ки дар назди Вазорати меҳнат ва бар асоси тақозои кордиҳандагони Қатар амал хоҳад кард.

Саидасрор Саидов сардори Раёсати меҳнати Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти созишро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт: "мақомоти Қатар барои ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳеҷ квота таъйин накардаанд. Ҷалби коргарони тоҷик бар асоси тақозои ширкат ва корхонаҳои қатарӣ сурат хоҳад гирифт".

Саидов гуфт, “бар асоси созишнома, кордеҳ ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо пул худ билети ҳавопаймо мехарад. Сокинони мо тайи се моҳ дар он ҷо давраи озмоишӣ (санҷишӣ)-ро мегузаранд. Агар мувофиқ буд, фаъолияташонро идома медиҳанд, вагарна ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ҷониби Қатар квота пешниҳод накард ва гуфт, бар асоси шумораи мутахассисоне, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳод мекунад, иктифо хоҳанд кард”.

Бар асоси созишномаи танзими нерӯи корӣ, масъалаҳое ба монанди маъошу пардохтҳои иҷтимоӣ, бима (суғурта), харҷи сафар ва дигарҳо аз пеш танзим мешавад.

Қатар аз кишварҳои хурди сарватманди арабӣ ва аз Тоҷикистон дар фосилаи 2 ҳазору 400 километр дур воқеъ аст. Аҳолии ин кишвар, ки шумори зиёдашон хориҷиҳо мебошанд, тақрибан 3 миллион нафар аст. Созмони Милали Муттаҳид ин кишварро дар шумули давлатҳое ном мебарад, ки сатҳи зиндагиаш баланд буда, суръати рушди инсониаш ҳам нишондодҳои хуб дорад. Қатар дорои захираҳои бойи гази тибиӣ ва нафт мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97