Кумитаи дин: 3 ҳазору 867 иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд

Хабари хуб 07.02.2019 10:33

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни нишасти матбуъотӣ дар робита ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ гузориш дод: дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 326 масҷидҳои ҷомеъ, 3 ҳазору 422 масҷидҳои панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоъатхона, дар маҷмӯъ 3867 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. 

Ба гуфтаи ин ниҳод,” 3 ҳазору 758 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои  зарурӣ то имрӯз 3 ҳазору 571 нафари донишҷӯён ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта, айни замон 113 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.

Раиси кумитаи дин дар идома афзуд: аз ин теъдод 54 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд.

Айни ҳол тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 241 нафар донишҷӯёни ба таҳсилоти динӣ машғул буда, дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон танҳо як донишкадаи исломи ба номи имом Аъзам фаъолият мекунад, ки ба гуфтаи ин кумита: айни ҳол 144 нафар (109 нафар мард ва 35 нафар зан) дар он машғул ба кор мебошанд. Аз ин теъдод 93 нафар омӯзгор ва 51 нафар кормандони шуъбаҳо ба фаъолият машғул мебошанд.

Дар маҷмӯъ дар донишкадаи мазкур  919  нафар донишҷӯ, аз ҷумла 789 нафар (122 нафар духтар) дар шуъбаи рӯзона (335 нафар будҷавӣ ва 454 нафар шартномавӣ) ва 130 нафар (41 нафар духтар) ғоибона (29  нафар будҷавӣ ва 101 нафар шартномавӣ) ба таҳсил машғул мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97