Эҳтимоли боло рафтани арзиши хонаҳои маскунӣ дар Душанбе

Хабари хуб 07.02.2019 09:48

Эҳтимоли боло рафтани нархи хонаҳои маскунии нав сохташуда дар шаҳри Душанбе дар ҳоле садо медиҳад, ки ширкатҳои сохтумонӣ барои дарёфти иҷозатнома аз ҳар як метри мураббаъ то 220 сомонӣ бояд ба будҷаи кишвар андоз пардохт кунанд.

Дар ҳоле ки қаблан ширкатҳои сохтумонӣ пеш аз ин аз пардохти чунин молиёт маъоф буданд.

Хабаргузориҳо гузориш медиҳанд, ки ширкатҳои сохтумонӣ акнун барои дарёфти иҷозатномаи сохтани биноҳои маскунӣ ва фурӯшгоҳҳо дар Душанбе барои як метри мураббаъ аз 165 то 220 сомонӣ (23,3 доллар) пардохт хоҳанд кард,

Қонуни “Дар бораи пардохтҳои дигар ба будҷа”, ки ҳукумати Тоҷикистон ислоҳи онро пешниҳод кард, аз сӯи намояндагони маҷлиси пойини порлумони кишвар пуштибонӣ карда шуд.

Қабл аз тағйири ин қонун, ширкатҳои сохтумонӣ чунин пардохтро анҷом намедоданд.

Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукумати шаҳр барои дарёфти ин пардохтҳо суратҳисоби махсус боз хоҳад кард.

Муассисаҳои будҷаие, ки сохтмонҳои иҷтимоъӣ, саноъатӣ ва зерсохтҳои сайёҳӣ месозанд, аз ин гуна пардохт озод ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97