Раҳбарони Русия, Ирон ва Туркия дар Сочӣ дидор мекунанд

Хабари хуб 04.02.2019 10:07

Маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Русия аз дидори қарибул вуқуъи Владимир Путин раиси ҷумҳури ин кишвар бо Ҳасан Руҳонӣ раиси ҷумҳури Ирон ва Раҷаб Тайиб Урдуғон раиси ҷумҳури Туркия дар шаҳри Сочӣ дар торихи 14 феврали соли ҷорӣ хабар медиҳад.

Кремл мавзуъи гуфтугӯҳойи миёни руасои ҷумҳурии се кишварро фош накарда, аммо Путин дар моҳи гузашта гуфта буд, ки дар ҳоли тадоруки чунин дидоре барои гуфтугӯ дар мавриди вазъияти Сурия аст.

Туркия ва Сурия ба дунболи эҷоди минтақаи амн дар Сурия ҳастанд.

Соъоте пеш аз эъломи Кремл мабнӣ бар дидори наздики руасои ҷумҳури се кишвар дар Сочӣ, Урдуғон раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки бо давлати Сурия дар тамос аст. Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки ин тамосҳо дар сатҳҳои пойин ва дар ҳадди мақомҳои амниятии ду кишвар будааст. Раиси ҷумҳури Туркия дар ҳоле ин суханонро мегӯяд, ки аз мухолифони сарсахти Башшор Асад аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97