Тоҷикистон имкони таъмини бозори дохилии худ бо маводи ғизоиро дорад

Хабари хуб 04.02.2019 09:00

Бино ба иттилоъи вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, солҳои ахир, ки дар кишвар ширкатҳои нави тавлидотӣ иҷтитоҳ ёфтанд, имкони таъмини бозори дохилӣ бо маводди гӯшт, шир, орд, нон, макарон, намаки ғизоӣ ва фаннӣ, консервҳои меваву сабзавот ва нӯшокиҳо ва машруботро фароҳам оварданд.

Агарчи як қисми ин маҳсулот ҳанӯз аз хориҷа ворид мегардад, Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз ширкатҳои нави тавлидотӣ ниёзи худ ба маводди аслии ғизоиро худ таъмин мекунад.

Бар асоси додаҳои ин вазорат, соли гузашта 15 ширкату коргоҳи нави тавлидоти маводди ғизоӣ ба кор оғоз карданд. Яке аз калонтарини онҳо ширкати “Анҳор”-и шаҳри Бӯстон мебошад, ки дар як шаборӯз 380 тонна орд тавлид мекунад.

Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши 4,9 миллиард сомонӣ маводди ғизоӣ тавлид кард, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2017 14 дарсад, ё 597 миллион сомонӣ афзойишро нишон медиҳад.

ТоҷикТа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97