Тоҷикистон пас Қазоқистон амнтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ унвон шуд

Хабари хуб 04.02.2019 08:26

Маҷаллаи бритониёии “Global Finance” дар як раддабандӣ Тоҷикистонро баъди Қазоқистон кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои табиъӣ дар ҷойи 68-ум аст, ки дар муқоиса ба соли гузашта шаш зина беҳтар аст.

Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Қирғизистону Узбекистон ва Туркманистон дар зинаҳои пойинтар омадаанд.

Ричард Шолдз мудири бахши Осиё ва Аврупо дар маҷаллаи бритониёии “Global Finance” гуфтааст, ки ин раддабандӣ бар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба таҳия шудааст ва се омил дар ин таҳқиқ ба назар гирифта шудааст.

Вай дар идома афзудааст: “агар хулоса кунем, мо бо назардошти се омил: ҷанг ва сулҳ, амнияти хусусӣ ва хатари фалокатҳои табиъӣи нишондоди амниятии кишварҳоро ба назар мегирем. Шохиси амният бар асоси ҳамин се хатар таҳия мешавад ва манзараи фарогири амниятии ҳар кишварро нишон медиҳад. Хатари зиёди як омил дар умум наметавонад ба баҳои умумии кишвар таъсир гузорад".

Маҷаллаи бритониёии Global Finance Озарбойҷон (ҷойи 71), Эрон (77), Чин (81), Бразилия (84), Қирғизистон (89), Исроил (92), Ҳиндустон (106), Туркия (107) ва Русияву Украинаро дар раддаҳои поинтар ҷо кардааст.

Амнтарин кишвари дунё Исландия ва ноамнтарин кишвар Филиппин шумурда шудаанд.

Манбаъ: centralasian.org

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97