Вазорати маъориф: дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ бунёд мешавад

Хабари хуб 02.02.2019 09:51

Раҳматулло Мирбобоев муъовини аввали Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: таҳияи лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба анҷом расонида, барои тасдиқ ба ҳукумати Русия фиристода шуд, ки дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.

Ба гуфтаи вай, ин мактабҳои нав дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд карда мешаванд. Қитъаи замин барои сохтмони мактабҳо дар ҳоли ҳозир ҷудо гардидааст. Дар ҳамаи ин мактабҳо таҷҳизоти муъосир насб карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишаст масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ ба Тоҷикистон низ ба миён омад.

Раҳматулло Мирбобоев дар ин хусус иброз дошт, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон қариб 60 ҳазор китобҳо, аз ҷумла китоби дарсӣ ворид гардиданд. Китобҳои нав на танҳо ба 31 мактаби кишвар, ки бо забони русӣ таълим ба роҳ мондаанд, балки ба мактабҳои тоҷикӣ, ки дар онҳо забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад, тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, аз ин шумора 400 адад ба Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон барои омода кардани омӯзгорони мактабҳои миёнаи кишвар супорида шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97