Apple нархи телефонҳои мобилии худро коҳиш медиҳад

Хабари хуб 02.02.2019 09:22

Ширкати Apple аз эҳтимоли коҳиши қимати телефонҳои мобилии худ дар баъзе кишварҳо хабар додааст.

Яке аз далелҳои асосӣ барои ин тасмим, коҳиши фурӯши мобилҳои Айфон дар шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла Чин баён шудааст.

Тайм Кук мудири иҷройи ширкати Apple гуфтааст мушкили аслӣ дар кишварҳое мушоҳида шудааст, ки нархи арзи он нисбат ба доллар бисёр пойин аст, бинобар ин ширкат барои ин ки битавонад муштариёни худро дар ин кишварҳо аз даст надиҳад, иқдоми ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст.

Ба таври мисол, телефони мобилии iPhone X 64GB дар Амрико 1100 доллар ва дар Ҳинд 1500 доллар ба фурӯш меравад ва ин боъис шуда, ки сокинони ин кишварҳо, камтар мобилҳои Айфонро харидорӣ кунанд.

Дар маҷмуъ даромади  Apple нисбати ба соли гузашта бо панҷ дарсади коҳиш ба ҳудуди 84 миллиард доллар расидааст.

Ин ширкат хабар додааст, ки ҳудуди 900 миллион корбар дар саросари ҷаҳон ба таври фаъол аз Айфон истифода мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97