Тоҷикистон дар соли 2018 ба маблағи беш аз 307.2 миллион доллар мошин ворид кард

Хабари хуб 01.02.2019 13:00

Бино ба иттилоъи агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта ба маблағи беш аз 307.2 миллион доллар мошин ворид карда шуд, ки ҳудуди 23,4 дар сади ҳаҷми кулли колоҳои аслии воридотии кишварро ташкил медиҳанд.

Соли 2018 воридоти худравҳо дар муқойиса бо соли 2017 42 дарсад афзойиш ёфт.

Фурӯшандаҳои худравҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди афзойиши воридоти худрав дар бозори дохилӣ тақозо кам аст.

Бештари худравҳои воридшуда мошинҳои боркаш мебошанд, ки барои амалӣ кардани тарҳҳои калон харид шудаанд.

Пеш Тоҷикистон аслан худравҳои корбурдшударо ворид мекард, ки нархи онҳо дар муқойиса бо худравҳои нав хеле арзон мебошад.

Кишварҳои Балтика ва Аврупо воридкунандагони аслии худрав ба ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чин дар ворид кардани худравҳои боркаш ва калон ба Тоҷикистон пешгом мебошад.

Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта воридоти худравҳои тавлиди пеш аз соли 2005-ро мамнӯъ кард. Ин қонун аз 15 феврали соли 2018 ба иҷро даромад.

Соли гузашта содироти мошинҳо 37 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷикистон аз содироти худравҳо 16,3 миллион доллар даромад кард.

Манбаъ: ТоҷикТа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97