Афғонистон 50 сол қабл яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон буд + тасовир

Хабари хуб 01.02.2019 11:40

Ҳарчанд Афғонистон кишваре, ки торихи муъосираш бо ҷангу ноамнӣ гиреҳ хӯрдааст, аммо ин кишвар 50 сол пеш аз имрӯз яке аз амнтарин ва обрӯмандтарин кишварҳои ҷаҳон буд.

Ба гузориши хабарнигори “Алъарабия” дар Афғонистон, торихнависони ин кишвар давраи поёнии подшоҳии Муҳаммад Зоҳиршоҳро давраи демократӣ, субот ва оромиши ин кишвар медонанд.

Бар асоси манобеъи торихии Афғонистон, Муҳаммад Зоҳиршоҳ аз соли 1933 то 1973 ба муддати 40 сол дар Афғонистон салтанат кард. Даврони ҳукумати ӯ ба унвони давраи сулҳ ва субот ёд мегардад. Зоҳиршоҳ охирон подшоҳи Афғонистон буд.

Даҳ соли поёнии давраи Муҳаммад Зоҳиршоҳ охирин подшоҳи Афғонистон ба номи даҳаи “демократӣ” ёд мешавад, ки субот ва оромиш ба вуҷуд омад, ки вай барои модернизатсияи ин кишвар талош кард.

Зоҳиршоҳ ба қасди мадернизатсия кардани Афғонистон ба ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, таъсиси системаи қонунгузории демократӣ, тарвиҷи низоми омӯзиш ва парвариши мудерн, таъсиси донишгоҳҳо ва омӯзиш барои занон иқдом кард.

Саранҷом Муҳаммад Довуд писарамаки Зоҳиршоҳ дар соли 1973 бо кудатои сафед ӯро аз салтанат барканор кард ва низоми Афғонистонро аз подшоҳӣ ба ҷумҳурӣ тағйир дод.

Тасвирҳои зер аксҳои архивии хабаргузоии “Ассошиэйтед Пресс” ва китобхонаи кунгураи миллии Амрико аст, ки тавассути Олан Тейлор дабири акси хабаргузории Аталантик ҷамъоварӣ шудааст.

1: акс аз соли 1962, ки ду донишҷӯии пизишкии донишгоҳи Кобул бо як устодшон дар ҳоли гуфтугӯ мебошанд.

2: яке аз кӯдакистонҳо дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон.

3: мошини ҳомили Эйзенхауэр раиси ҷумҳури Амрико, ки дар соли 1959 барои дидор бо Муҳаммад Зоҳиршоҳ подшоҳи Афғонистон вориди Кобул шуд бо истиқболи бошандагони ин шаҳр рубарӯ гардид.

4: занон ва мардон дар соли 1961 дар яке аз истгоҳҳои миллии автобус дар шаҳри Кобул.

5: коргарони афғон машғули кор дар як маъдани зуғолсанг дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон.

6: Муҳаммад Зоҳиршоҳ подшоҳи Афғонистон бо ҳамсараш Малика Ҳумайро дар Вашингтони Амрико ҳамрони Кеннедӣ ва ҳамсараш.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97