Паноҳҷӯи курд барои интишори китобе, ки бо телефони мобилӣ навишт барандаи ҷоизаи адабиёти Австралия шуд

Хабари хуб 01.02.2019 10:47

Беҳрӯз Бучотӣ паноҳҷӯи курд, ки дар ҷазираи Манус Папуаи Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунад, барои интишори китобе, ки бо телефони дастӣ навишта буд, барандаи ҷоизаи адабиёти “Викториан пример”- и Австралия шуд.

Беҳрӯз Бучонӣ, ки ба далели сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии давлати Австралия солҳост ба ҳамроҳи садҳо муҳоҷири ғайриқонунии дигар аз кишварҳои Ирон, Покистон, Шриланка, Афғонистон ва Сурия дар ҷазираи Манус зиндагӣ мекунад, барои китоби “Дӯстии ба ҷуз кӯҳҳо надоштам” барандаи 100 ҳазор доллар дар бахши адабиёти ҷоизаи Викториан ва 25 ҳазор доллари дигар дар бахши адабиёти ғайридостонии ҷоизаи Викториан пример шуд.

Ӯ ин китобро ба шакли паёмак навишта ва ба дӯстонаш берун аз ҷазира фиристод. Умеди Тавфиқиён ва Мунис Мансубӣ китоби Беҳрӯз Бучониро ба англисӣ тарҷума карда ва пас аз баранда шудан ба намонядагӣ аз ӯ ҷойзаҳояшро дарёфт карданд.

Бучонӣ дар бораи китоб ва ҷоизае, ки дарёфт карда ба рӯзномаи “Гордин” гуфт: “аммо ман ин китобро ба хотири ҷоиза нанвиштам. Ҳадафи аслиам ин буд, ки мардуми Австралия ва соири нуқоти ҷаҳон бифаҳманд, ки чи тавр ин система афроди бегуноҳро дар Манус ва Науру ба шакли ситематик шиканҷа мекунад. Умедворам ин ҷоиза боъис шавад, ки таваҷҷуҳи бештаре ба ин мавзуъ шавад ё ин сиёсати ваҳшиёна тағйир кунад”.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97