Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон: меваҳои чинӣ ба саломатии сокинон зарар доранд

Хабари хуб 01.02.2019 10:13

Ҷамшед Носиров сардори шӯъбаи назорати фитосанитарии Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ташхиси мутахасcисони соҳа ошкор кард, ки меваҳои чинӣ, аз қабили себ, афлесун, нок, нашпотӣ ва ғайра олуда аз организмҳои ба таври генӣ тағйирдодашуда (ГМО) ҳастанд ва истеъмоли онҳо ба саломатии сокинони кишвар хатар эҷод мекунад.

Вай афзуд, далели оддӣ ҳам ин аст, ки ин нави меваҳоро ҳатто кирмҳо намехӯранд.

Соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон ҳатто як кило мева ворид нашуд, дар ҳоле ки солҳои пеш то 250 тон ворид мешуд. Масъулин мегӯянд, воридоти мева аз Чинро муваққатан манъ кардаанд.

То соли 2018 даҳҳо тон меваи чинӣ тариқи тоҷирон ба базорҳои Тоҷикистон арза ва савдо мешуд, ки агарчи “зеби молӣ” доштанд, дар асл маззаи хоси як меваро намедоданд.

Тоҷикистон ҳоло аз чандин кишвар, ба шумули Туркия, Русия, Эквадор, Покистон ва Қирғизистон меваҳои тару ситрусӣ ворид мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2017 аз 416 тон меваи таре, ки ба ин кишвар аз Туркияву Чин ва Қирғизистон ворид шуда буд, ҳудуди 250 тонро меваи чинӣ ташкил мекард. Дар соли 2018 ҳамагӣ 96 тон, он ҳам аз Туркия ва ҳудуди 10 тон аз Қирғизистон меваи тар, умдатан себ ворид шудааст.

Воридоти меваҳои субтропикӣ ё ситрусӣ (мандарин, афлесун, норанҷӣ, банана, киви, помело, грейпфрут ва ғайра) аз Туркия, Русия, Эквадор, Покистон дар соли 2018, тибқи омори расмӣ, 25 525 ҳазор тонро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2017 7 ҳазору 800 зиёд аст.

Коҳиши воридоти меваи тар – себу анор, нок ва ғайра ба ин омил низ вобаста аст, ки истеҳсоли онҳо дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир афзуда, бозори дохилиро таъмин мекунад ва ин кишвар дар пайи содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ шудааст.

Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон як ниҳоди ҷавон буда, 29 декабри соли 2017 ташкил шудааст.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97