Таҷлили аз иди бостонии Сада дар Бадахшон

Хабари хуб 31.01.2019 14:49

Бахшида ба ҷашни Сада аҳли фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якчанд чорабиниҳоро баргузор намуданд.

Дар китобхонаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо намоиши китоб ва гўшаи алоҳида бахшида ба таҷлили ҷашни Сада, ки ҳафтае қабл шуруъ гардида буданд, идома доранд. Дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ вохӯри бо зиёиёни шаҳр доир ба ҷашнгирии иди Сада баргузор шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ конфронс бахшида ба иди Сада доир гардид. Ҷавонон дар майдони Исмоили Сомонӣ гулхани идона афрўхтанд. Ҷашни Садаро намоиши таъомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят, маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бо иштироки ҳунармандони ансамблҳои «Навои Бадахшон», «Эҳё», театри вилоятӣ, бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ рангин ва хотирмон гардониданд.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов суханронӣ намуда, ҳамагонро бо ҷашни «Сада» табрику таҳният гуфт. Номбурда ба ҳашт нафар кормандони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои меҳнати пурсамар ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Оид ба ҷашни Сада, таърихи пайдоиши он ва суннатҳои хоси мардумии тавъам ба ин ҷашн тариқи телевизиони маҳаллӣ барномаҳои алоҳида пахш гардиданд. Инчунин дар рўзномаи «Бадахшон» ва «Оинаи зиндагӣ» мақолаҳо доир ба иди Сада интишор ёфтанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97