Изҳороти вазорати дохилаи Русия дар мавриди интиқоли аъзои Доъиш ба марзи Тоҷикистон

Хабари хуб 31.01.2019 12:16

Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, ки изҳороти ахири муъовини вазири умури дохилаи ин кишвар дар робита ба ин ки аъзои гурӯҳи террористии Доъиш тавассути чархболҳо аз Покистон ба марзи Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, як изҳори назар ва пешгӯйи шахсии вай аст.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз суханони Ирина Волкова сухангӯӣ вазорати дохилаи Русия, Игор Зубов муъовини вазорати умури дохилаи ин кишвар мабнӣ бар ин ки гурӯҳи террористии Доъиш аз Покистон тавассути чархболҳо бар манотиқи шимолии Афғонистон дар ҳаммарзӣ бо Тоҷикистон интиқол дода мешавандро пешбинии шахсӣ мехонад.

Сухангӯй вазорати дохилаи Русия гуфт: “изҳороти ахири муъовини вазорати дохила пешбинии шахсии вай аз таҳаввулоти ахири вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда ва ин мавзеъи расмии вазорати умури дохилаи Русия нест”.

Рӯзи шанбе 28 январи соли ҷорӣ Игор зубов муъовини вазорати умури дохилаи Русия дар ҷаласаи поёнии ин ниҳод перомуни Тотористон гуфта буд, ки гурӯҳи Доъиш аз Покистон тавассути чархболҳо ба марзи Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Тибқи гуфтаи вай, ин як таҳрики бузурги барномарезишуда аст, ки мумкин аст боъис ба афзоиши теъдоди зиёде паноҳандагон ба суи Русия шавад.

Доъиш гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97