Вазири хориҷаи Русия аз Тоҷикистон дидан мекунад

Хабари хуб 31.01.2019 11:04

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия ҳафтаи оянда бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Манобеъи хабари бо истинод аз ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки ин сафари дипламоти баландпояи Русия дар торихи 4 то 5 феврали соли ҷорӣ сурат мегирад.

5 феврал Лавровро Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Лавров ҳамчунин тайи ин сафари худ бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ анҷом медиҳад.

Дар назар аст вазири хориҷаи Русия дар ҷараёни дидор бо мақомоти тоҷик ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карда ва масоили сиёсати хориҷии ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои байналмиллӣ назири Созмони Миллал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба баҳс хоҳанд кашид.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97