Ихтисоси 630 бурсияи таҳсилӣ барои Тоҷикистон аз ҷониби Русия

Хабари хуб 31.01.2019 10:29

Вазорати маъорифи Русия барои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҷиҳати омӯзиши довталабони ин кишвар 630 бурсияи таҳсилӣ ихтисос дод.

Хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки  дар Русия беш аз 20 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ки таҳсилоти бештари онҳо бар асоси омӯзиши будҷаӣ аст. Ҳамагӣ 10 дарсади ин шумор бурсияҳои Россотрудничество мебошад.

Дар муқойиса бо соли таҳсилотии гузашта, имсол Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 12 бурсия бештар ихтисос додааст.

Гуфта мешавад,ки тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Русия бурсияҳои иловагӣ ихтисос хоҳад дод, вале теъдод ва замони он ҳанӯз мушаххас нест.

Русия аз кишварҳои шарики стратегӣ барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва макотиби зиёди русӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ва ҳамчунин беш аз 1 миллион шаҳрванди тоҷик дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Омӯзиши забони русӣ ва дар маҷмуъ таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз дигар кишварҳо дида, ҳойзи аҳамияти бештаре аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97