Дӯғ нӯшидание, ки пур аз фоида барои инсон аст

Хабари хуб 30.01.2019 14:31

Як нӯшидании ширии муносиб, ки метавонад ҷой нӯшобаҳоро дар сабади ғизоии тамоми мо бигирад, ин дӯғ аст.

Дӯғ як нӯшидании солим ва муфид ва таъмикунандаи як чаҳорум ниёзи рӯзонаи инсон бо калсий ва дорои витаминҳои B2, B6 ва B12 ва низ қавикунандаи устухонҳо аст.

Дӯғ илова ба манфиъатҳои ғизоӣ, дорои бактерияҳои муфиде аст, ки таъсири зиёде барои саломатии дастгоҳи гувориш доранд.

Агар ба таври мураттаб дӯғ истеъмол шавад, бактерияҳои муфиди мавҷуд дар он дар дастгоҳи гувориш лона карда ва таъсири бисёр муфиде ба саломатии дастгоҳи гуфориш мегузоранд.

Истеъмоли дӯғ ҳамчунин боъиси адами рушди организмҳои зарарнок дар бадан мешавад. Беҳтар аст ҳангоми масрафи маводи ғизоӣ ба кайфият ва асари он бар саломатии бадан таваҷҷуҳ дошт ва дӯғ ба унвони як нӯшидании солим ва ғанӣ ба дигар нӯшобаҳо тарҷеҳият дорад, яъне беҳтар аст.

Чаро дӯғ хобовар аст?

Ин фақат марбут ба дӯғ нест. Мост ва дӯғ ба далели доштани бархе пептидҳои мавҷуд дар казеин ва сафедаҳои шир (монанди триптофан) дорои ин вижагӣ ҳастанд.

Дар мавриди нигаҳдории дӯғ бояд гуфт, ки ин фароварда низ монанди тамоми муштақоти шир (он чи аз шир гирифта мешавад) беҳтар аст дар яхдон нигаҳдорӣ шавад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97