Пешниҳоди Вазорати нақлиёт ҷиҳати пулакӣ кардани шоҳроҳҳои дигари Тоҷикистон

Хабари хуб 30.01.2019 13:47

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ахиран ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки якчанд шоҳроҳҳои дигар, аз ҷумла шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” низ пулакӣ карда шаванд.

Дар ин бора имрӯз зимни конфронси матбуъотӣ Худоёр Худоёрзода вазири нақлиёти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар дод.

Вай бо баёни ин ки ягона роҳи пулкии Душанбе-Чаноқ дар Тоҷикистон самаранокии худро исбот кард, гуфт: агар ин роҳ пулкӣ намебуд танҳо бо васоити вазорати нақлиёт ба авоқиби боришот ва тармафароиҳо дар ин масир дасту панҷа нарм кардан мушкил буд.

Зикр карда шуд, ки то охири соли ҷорӣ ин пешниҳод ба ҳукумати кишвар барои пулакӣ кардани дигар шоҳроҳҳо дар Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.

Дар марҳилаи аввал эҳтимол шоҳроҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ хоҳад шуд. Роҳи Душанбе-Бохтар аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва марказ ва ҷануби кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳар рӯз дар ин роҳ ҳазорҳо мошин равуо мекунад.

Дар ҳоли ҳозир корҳои бозсозии роҳ идома дорад ва интизор меравад то охири имсол ба итмом расад. Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи тақрибан 97 миллион доллар грант ва қарзи Бонки осиёии рушд, бунёди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон бозсозӣ мешавад. Қарор аст, бо харҷи ин маблағҳо паҳноии роҳи мазкур аз ду хат то чаҳор хат васеъ шуда, қабати болоии он аз нав мумфарш гардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97