Гузориши Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ: Тоҷикистон аз 100 имтиёз 25 имтиёз гирифт

Хабари хуб 30.01.2019 12:32

Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International), ки вазъ ва чигунагии фасод дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, гузориши солонаашро бо номи шохиси қабули фасод - 2018 (Perceptions Index -2018) мунташир кард.

 

Тибқи иттилои ин созмон Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии фасод имсол дар миёни 180 кишвар бо 25 имтиёз аз 100 имтиёзи лозим, дар мақоми 152 -ум қарор гирифтааст. Ин шохис нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл 9 зина болотар аст.

Тоҷикистон дар гузориши соли гузашта дар радабандии Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ бо 21 имтиёз дар мақоми 161 -ум дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадатари дунё қарор гирифта буд.

 Дар гузориши нави худ Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ дар мавқеияти аз ҳама пойинтар дар миёни кишварҳои Осиёи миёна, Туркманистонро дар мақоми 161 ва Узбакистонро дар зинаи 158 қарор додааст. Қазоқистон ва Қирғизистон дар радабандии ин созмон аз Тоҷикистон болотар, Қазоқистон дар мақоми 124 ва Қирғизистон дар мақоми 132, қарор гирифтаанд.

 Дар ин гузориш омадааст, тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа аз 100 имтиёз 45 имтиёз ё камтар аз инро гирифтаанд ва дар мубориза бо фасод пешрафти бисёр каме доштаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97