Иштван Секеч футболбози машҳур ва тренери собиқи “Помир” даргузашт

Хабари хуб 29.01.2019 14:04

Дар 80-ум сол аз ҳаёти худ Иштван Секеч футболбози собиқи “Динамо”-и Маскав, “ЦСКА”-и Маскав ва “Черноморетс”-и Одесса ва ҳамчунин мурабии тими “Карпат”-и Лвов, “Пахтакор”-и Ташкент ва “Помир”-и Душанбе дунёро падруд гуфт.

Маҳз дар замони сарварии вай дар соли 1977 “Помир”-и Душанбе тими овозадори Тоҷикистон барои аввалин бор дар лигаи якуми чемпионати СССР соҳиби мақоми панҷум гардид.

Иштван Секеч футболбози украинӣ буд, ки гузаштагонаш аз Венгрия маҳсуб мешуданд. Вай 3 декабри соли 1939 дар минтақаи “Берегево”-и Закарпате таваллуд шудааст.

11 октябри соли 1964 дар ҳайти тими ҷавонони Украинаи советӣ дар муқобили Германияи демократӣ бозӣ кард, ки бо натиҷаи 2 бар 0 дастболо шуданд.

Дар соли 1973 давраи мураббигии хешро оғоз кард. Вай аввалин унвон, яъне мураббии ифтихории Тоҷикистонро дар соли 1977 барои ишғоли ҷой панҷуми тими Помир дар лигаи якум соҳиб шуд. Ин дар торихи камандаи Помир такрорнашавда буд.

Вай ҳамчунин ба ҳайси тренер-мушовир дар тими “ЦСКА-Памир»-и Душанбе низ фаъолият кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97