Антон Чехов нависандаи бузурге, ки дар 44 солагӣ даргузашт

Хабари хуб 29.01.2019 13:26

159 сол пеш дар чунин рӯзе, яъне 29 январи соли 1860 Антон Чехов дар шаҳраки Таганрог дар ҷануби Русия (вилояти Ростови ҳозира) зода шуд. Падараш дӯкони кӯчаке дошт, вале зуд варшикаст шуд ва ба Маскав рафт. Антон то 19 солагӣ бо вуҷуди тангдастӣ дар зодгоҳаш монд ва соҳиби диплом шуд.

Дар бораи он давра менависад: “тангдастӣ мисли як дандони хароб буд, ки дардашро пайваста ҳис мекардам”.

Тангдастӣ дар Маскав ҳам идома дошт, аммо бо бурсе, ки ба ӯ дода буданд тавонист ҳам пизишкӣ бихонад ва ҳам ҷойи падари ҳамеша масташро дар хонавода бигирад ва хоҳару бародарҳояшро бо корҳои гуногун ва пули каме, ки аз чопи намоишномаҳо ва достонҳояш мегирифт, таъмин кунад.

Мегуфт: “пизишкӣ зани ақдии ман аст ва адабиёт маъшуқае, ки ба зудӣ таркаш мекунам”.

Аммо ҳаргиз он маъшуқаро тарк накард ва то поёни умр пизишки ифтихорӣ боқӣ монд.

Чехов ҳудуди 600 асари адабӣ офарид, ки дарунмояи бештарашонро аз зиндагӣ ва вазъияти беморонаш мегирифт. Ӯ ба раҳоӣи мардум ба пуштувонаи пешрафтҳои илмӣ бовар дошт, аммо дигаргун сохтани бунёдини ҷомеъаеро, ки худ аз вазъияти он интиқод мекард, нодуруст медонист.

Танз ва интиқодҳои ӯро дар ҷумлаҳо ва калимоти кӯтоҳ набояд ҷуст, балки дар ҳолот ва шароите бояд дид, ки аз зиндагии мардум тавсиф кардааст.

Шахсиятҳои достонҳо ва намоишномаҳои ӯ дар раванди рӯйдодҳо ва он чи пеш меоварданд ва мегӯянд, нишон медиҳанд он чи унвон мекунанд нестанд.

Мегуфт: “нависанда набояд дар бораи бадбинӣ ва хушбинӣ ва маънои зиндагӣ ва монанди онҳо доварӣ кунад, балки бояд танҳо нишонгари андеша ва амали шахсиятҳои гуногун бошад”.

30 сола буд, ки бо вуҷуди бемории сил ва ҳушдори пизишкон барои пажӯҳиш ба Сибир ва ҷазираи Сахалин ва урдугоҳҳои кори иҷборӣ он ҷо рафт ва дар он ҷо ҳудуди 10 ҳазор нафарро дармон кард ва китобе дар бораи ниҳинҷориҳо ва сахтиҳое навишт, ки бар бадарғашудагон раво медонистанд.

Ӯ барои дармони бемории сил ба Олмон сафар кард, аммо дар он замон дониши пизишкӣ ба ин беморӣ чира нашуда буд.

Антон Чехов дар 44 солагӣ дар Баденвайлер дар ҷануби Олмон даргузашт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97