Афзоиши 16.9 дар садии тавлиди тилло дар Тоҷикистон дар соли 2018

Хабари хуб 29.01.2019 10:08

Вазорати саноъат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки ҳаҷми тавлиди тилло дар соли 2018 дар кишвар дар муқоиса ба соли 2017 ба миқдори 16.9 дар сад афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон бо тавлиди беш аз 6.4 тонна тилло дар соли гузашта рекорди ҷадид дар истеҳсоли ин навъи металли гаронбаҳоро гузошт.

Агарчи вазорати саноъат аз эъломи ҳаҷми тавлиди тилло дар соли гузашта худдорӣ кард, аммо бо таваҷҷуҳ ба додаҳои соли 2017 , ки 5.5 тонна тилло истеҳсол гардид, ва бо афзоиши 16.9 дар сад дар соли 2018 бармеояд, ки дар ин сол беш аз 6.4 тонна тилло тавлид шудааст.

Ба гуфтаи вазорати саноъати Тоҷикистон, бо мақсади афзоиши захираҳои металлҳои қиматбаҳо 100% тилло дар дохили кишвар ба фурӯш гузошта мешавад.

Ин ниҳод бо зикри ин нуқта, ки дар кишвар захираҳои зиёди тилло мавҷуданд, гузориш дод: захираҳои тиллои Тоҷикистон дар 137 макон мавҷуданд.

Истеҳсолкунандаи асосии тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки “Тоҷик-Чин”-и  ба унвони “Зарафшон” маҳсуб мешавад, ки 70 дар сади кулли тавлиди ин металлро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ба тавлид тилло дар Тоҷикистонро даҳҳо ширкат сару кор доранд, ки аз бузургтарини онҳо корхонаи муштараки “Зарафшон”, “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик” ва ширкати “Пакрут” мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97