Иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар як сол 17 миллиард киловатт-соъатро ташкил медиҳад

Хабари хуб 29.01.2019 09:29

Дар нишасти матбуъотии вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зикр гардид, ки иқтидори энергетикии кишвар дар як сол тақрибан 17 миллиард киловатт-соъатро ташкил медиҳад. Яъне пас аз роҳандозӣ шудани тарҳи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ то ба 5-6 миллиард киловатт-соъат  расонида шавад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “Ховар”, Усмоналӣ Усмонзода вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни ин нишасти матбуъотӣ бо баёни ин ки соли 2018 ҳаҷми умумии содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо 2 миллиарду 406 миллион  кВт. соъатро ташкил дод, гуфт: аз ин миқдор 926 миллион кВт. соъат ба Афғонистон ва 1 миллиарду 480 миллион кВт. соъат ба Узбекистон рост меояд.

Ба гуфтаи мавсуф, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 1 миллиарду 138 миллион кВт зиёд ва суръати афзоиш 1,9 маротиба бештар мебошад.

Бояд гуфт, ки бо ибтикори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон ду кишвари ба ҳам дӯст даҳаи аввали моҳи апрели соли 2018 хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) пайваст карда шуда, бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дурнамои стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ба иттилоъи вазорати энергетика ва зихираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон бо ба кор даровардани агрегати нахустини неругоҳи барқи обии «Роғун» ин нишондиҳанда тақрибан ба  6 ҳазор мегаватт расидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97