Омодагии Тоҷикистон ва Узбекистон барои нуқта гузоштан ба баҳсҳои марзӣ

Хабари хуб 28.01.2019 09:53

Дар шаҳри Душанбе аз 21-ум то 27-уми январи соли ҷорӣ нишасти навбатии ҳайатҳои намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавриди ҳамоҳангсозии масоили ташкилӣ ва ҳуқуқии таъйин ва тақсимоти марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Хабаргузори ТоҷикТа ба нақл аз маркази матбуъотии вазорати хориҷаи Узбекистон менависад: дар рафти ин гуфтушунидҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ таҳия карда шуданд, ки ба асоси онҳо тарафҳо раванди музокирот барои муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишварро дар нуқоти баҳснок оғоз хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан байни ду кишвар ихтилофоти гуногун , аҷ ҷумла дар мавриди тақсимоти марзӣ ба миён меомад. Бо ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев вай яке аз самҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худро роҳандозии муносиботи нек бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Дар замони Мирзиёев тарафҳо гуфтугӯҳо дар мавриди масоли марзӣ ва обию энергетикӣ ва парвозҳои ҳавоии байни ду кишварро оғоз ва раводидро барои шаҳрвандони худ низ бекор карданд.

Тавофуқнома дар бораи қисматҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Узбекистон ва Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Мирзиёев дар торихи 9-ум то 10-уми марти соли 2018 ба Душанбе ба имзо расид.

Ҳамин тариқ 19 апрели соли гузашта Парлумони Тоҷикистон ин тавофуқномаро ба тасвиб расонд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97