Амрико дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард

Хабари хуб 28.01.2019 09:05

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар медиҳад, ки  7-уми январи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершайм ҳамчун сафири ҷадиди Амрико дар ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Ин дипламоти амрикоӣ дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи сафири Амрико дар Тоҷикистон аз ҷониби Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар дар санаи 12 сентябри соли 2018 пешниҳод шуда буд. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст.

Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи департаменти давлатиро бар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд.

 Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати Амрико дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи консули генералии Амрико дар шаҳри Владивостоки Руссия адои вазифа намудааст.

Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоъотӣ бо Агентии иттилоъоти Амрико дар Гурҷистон ва Узбекистон ҳамкорӣ кардааст.

Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия аст. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97