Шабохуни пулис ба хобгоҳҳои духтаронаи макотиби “Афғон-Турк” дар Мазор ва Ҳирот

Хабари хуб 25.01.2019 14:14

Шаби гузашта коркунони амниятии мусаллаҳи Афғонистон ба хобгоҳҳои духтаронаи макотиби” Афғон-Турк” дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Ҳирот ҳамла бурда ва шуморе аз шогирдони духтари ин мактабҳоро лату кӯб карда ва теъдоди дигаре аз онҳоро бо худ бурданд.

Ба гузориши Спутник, масъулони макотиби “Афғон-Турк” дар Кобул мегӯянд, шаби гузашта нерӯҳои амниятии пулис бо ҳамла ба ин муассисоти таълимӣ дар шаҳри Мазори Шариф ва шаҳри Ҳирот, дарвозаҳои ин макотибро шикаста, духтарон ва устодонро лату кӯб намуда ва шуморе аз устодон ва донишомӯзони духтарро дастбанд зада бо худ бурданд.

Дар видеоҳои ба даст омада нишон медиҳад, ки пулис бо ҳамла ба ин мактабҳо аз хушунат кор гирифта ва ба зӯр вориди ин мактабҳо шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони макотиби “Афғон-Турк”, пулис ба далели ин ки фармони раиси ҷумҳур аст то ин мактабҳо ба бунёди вақфи маъорифи Туркия таслим дода шавад, вориди ин мактабҳо шуданд.

Дар видеоҳои мунташиршуда аз шабехуни кормандони пулис ба мактабҳои афғон-турк ваҳшатофаринии нерӯҳои пулис бар ин макотиб дида мешавад. Донишомӯзон дар ҳоли фарёду гиря ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97