Омӯзиш дар макотиби олии Русия тариқи бурсияҳо

Хабари хуб 25.01.2019 09:48

Донишҷӯ шудан дар замони Шӯравӣ як орзуи аслии ҷавонони доништалаб буд, ва на ҳама ба ин орзу ба осонӣ даст меёфтанд. Бархе солҳо талош мекарданд, то бо унвони донишҷӯ мушарраф шаванд, бархеи дигар ин орзуро дар дилҳо гӯр карданд ҳам. Ҳоло вазъ тағйир кардаву даҳҳо имконот барои ҷавонон мавҷуд аст. Ба хусус таҳсил дар хориҷ аз кишвар имрӯз барои хеле аз ҷавонон имконпазир шудааст. Даҳҳо довталаб ба макотиби олии Русия тариқи озмун ҳамасола қабул мешаванд. Имсол низ истисно нест.

Намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, ки мубтакири ҷалби довталабони тоҷик аст, эълом карда, ки хатмкунандагони мактабҳои миёна, ба хусус макотиби санъат (ҳунар) ва фарҳанг барои таҳсил дар мактабҳои олии федератсияи Русия тибқи бурсияҳо метавонанд, худро сабти ном кунанд.

29 январи соли 2018 соати 14: 00 дар намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон машварат барои нафароне, ки мехоҳанд таҳсилро дар Донишгоҳҳои Русия тариқи бурсия дар соҳаи фарҳанг ва санъат идома диҳанд, баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд, ки аз мутахассисон оид ба раванди омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо барои қабул маълумот гиранд.

Боиси зикр аст, ки қабули ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ ба воситаи сомонаи http://russia.study/ сурат мегирад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи http://tjk.rs.gov.ru муроҷиат намоед ё бо шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телефони 221 55 90 тамос гиред.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97