Як мақоми низомии Покистон: сулҳ дар Афғонистон барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад

Хабари хуб 21.01.2019 08:41

Фармондеҳи артиши кулли Покистон мегӯяд, ки ҷиҳати барқарории сулҳ дар Афғонистон ва минтақа ҳар чи дар тавон дорад анҷом хоҳад дод.

Спутник ба нақл аз генерал Қамар Ҷовид фармондеҳи урдуи Покистон дар дидор бо Ҷозеф Вотел фармондеҳи фармондеҳии марказии Амрико гуфт: барқарории сулҳ дар Афғонистон барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Бар асоси эъломи фармондеҳи кулли артиши Покистон, Вотел ва ҳайати ҳамроҳи вай бо ин фармондеҳи покистонӣ дар шаҳри Равалпиндӣ дидор карданд.

Дар ин дидор равобити низомии ду кишвар, мавзуъоти стратегӣ, амниятӣ ва минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фармндеҳи артиши Покистон дар ин дидор таъкид кард, ки артиши Покистон ҷиҳати барқарории сулҳ дар минтақа ҳар чи дар тавон дорад анҷом хоҳад дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97