Бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Ховалинг бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоиро пайдо кардаанд. Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар ин бора ба “Миллат” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бошишгоҳ зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар 6-километрии маркази ноҳияи Ховалинг пайдо шудааст ва тахмин меравад, ки таърихи беш аз 200 ҳазор сола дорад.
Ба нақли ҳолдонҳо, диёри зебоманзари Ховалинг таърихи бисёр қадима дорад ва дар маҳалли Кӯлдараи ин мавзеъ ҳанӯз дар солҳои 60уми асри ХХ низ чунин бошишгоҳ пайдо шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳ ба осори таърихии ноҳия дар солҳои ахир костааст ва бисёре аз ин ёдгориҳо тахриб мешаванд. Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг гуфт, баҳорон 5 сангтӯдаи таърихиро об мезанад ва харобаҳои шаҳри Мунк дар пеши чашми мо дар ҳоли вайрон шудананд, вале мутаассифона барои ҳифозати ин ёдгориҳо таваҷҷӯҳ намешавад.
Бояд гуфт, ки Ховалинг дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун шаҳри Мунк ёд шудааст. Ҳамакнун харобаҳои ин шаҳр дар маркази ноҳияи Ховалинг низ ба тадриҷ пайдо мешавад.
Ба қавли бостоншиносон вожаи Ховалинг ба маънии Ховар Лэнд аст, яъне замини офтобӣ. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ноҳия беш аз 55 ёдгории таърихӣ сабти ном шудааст. Панҷ сангтӯдаи бузург, бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ ва асри санг, осорхонаи ба номи Восеъ аз шумули ин осори нодири таърихӣ маҳсуб меёбанд.