Пас аз кандани пӯсти банан ҳатман дастҳоятонро бишӯед

Хабари хуб 18.01.2019 13:52

Банан меваи серистеъмол ва пуртарафдор аст. Ин мева аз замони бардошт то фурӯш роҳе тӯлониро пушти сар мегузорад ва пӯсти он ба маводе оғушта мешавад, ки барои саломатии инсон зарарнок аст.

Пӯсти банан аз фоида низ холӣ нест. Барои мисол метавон онро хушк кард ва ба унвони нурӣ дар гулдонҳои хонагӣ рехт.

Идораи ҳифозат аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Олмон тавсия мекунад, ки пас аз кандани пӯсти банан ҳатман дастҳоятонро бишӯед.

Банан меваи гармсерӣ (тропикӣ) аст, ки норасида чида мешавад ва аз ҳангоми бардошт то фурӯш роҳи тӯлониеро пушти сар мегузорад.

Пӯсти ин мева ба таркиботе кимиёӣи ҳифозаткунанда, аз ҷумла маҳлулҳои зидди занбурӯғ оғушта мешавад.

Ин таркибот, ки монеъ аз расидани зудҳангом ё гандидани банан мешаванд, рӯи пӯсти он мемонанд ва ҳангоми ҷудо кардани пӯст аз мева, дастҳоро олуда мекунанд.

Идораи ҳифозат аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Олмон тавсия мекунад, ки ба кӯдакон банан пӯсткарда шуда бидиҳед ва худтон ҳам ҳатман ба суръат дастҳоятонро бишӯед.

Ин тавсияҳо барои меваи авокадо низ рост меоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97