Хонандагони тоҷик дар омӯзиши фанҳои дақиқ аз дигар ҳамтоёни худ дар ҷаҳон камӣ надоранд

Хабари хуб 18.01.2019 09:29

Хонандагони макотиби Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 медал дар 15-умин олимпиадаи байналмиллалӣ дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон собит карданд, ки дар ҳифзи фанҳои дақиқ назири физика ва риёзиёт аз дигар хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон камӣ надоранд.

Дар шаҳри Алма-Атои ҷумҳурии Қазоқистон 15 - умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоъотӣ баргузор гардид, ки аз он хонандагони болаёқати Тоҷикистон бо 13 медал баргаштанд.

Дар ин олимпиада 532 нафар хонанда аз 20 кишвари дунё, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Амрико, Озарбойҷон, Сербия, Гурҷистон, Туркманистон, Қирғизистон, Булғория, Беларус, Дания, Руминия, Чехия, Арманистон, Туркия, Украина ва Муғулистон иштирок карданд.

Бино ба иттилоъи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо,  Тоҷикистонро дар ин олимпиада 5 даста намояндагӣ карданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада новобаста аз рақибони пурзӯр хонандагони тоҷик тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидан ба 13 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин медалҳоро дар соли 2019 ба кишвар хонандагони литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, литсейи барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе ва литсейии “Ҳотам ПВ”- и шаҳри Душанбе оварданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97