Дар Душанбе ҷашнвораи “Парасту-2019” баргузор мешавад

Хабари хуб 18.01.2019 09:08

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии ин кишвар таҳти унвон “Парасту-2019” аз 15 то 22 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ин ҷашнвора ба таҷлил аз 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва 80 – солагии Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии кишварт, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангии тоҷикон гузаронида мешавад.

Дар ҷашнвораи “Парасту-2019” театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Ба ин ҷашнвора намоишномаҳое пешниҳод бояд шаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 рӯи саҳна омадаанд.

Раёсатҳои фарҳанги ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон намоишномаҳои ба “Парасту-2019” пешниҳодшавандаро бояд то 5 марти соли 2019 муайян намоянд.

Дархост барои иштирок дар ҷашнвора ба унвони кумитаи тадорукот то 5 марти соли 2019 бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34, Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукотии ҷашнвораи «Парасту- 2019» ирсол бояд карда шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97