Фошсозии як сирри дигар аз Саддом Ҳусейн

Хабари хуб 17.01.2019 13:33

Оли Мактум аз Саддом пеш аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ барои паноҳанда шудан ба Дубай даъват карда буд.

Ба гузориши Спутник, Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум муъовини раиси Аморот дар китоби худ аз даъвати Саддом Ҳусейн раҳбари собиқи Ироқ ба Аморот пеш аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ парда бардошт.

Муҳаммад бини Рошид Оли Мактум, ки ҳокими Дубай низ ҳаст дар бахше аз китоби ҷадиди худ бо унвони “Достони ман” навишт: пеш аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 ба Саддом Ҳусейн раиси ҷумҳури Ироқ пешниҳод кардам, ки барои дурӣ аз фазои ҷанг “ба Дубай дуввумин шаҳри худ” азимат кунад, аммо Саддом ин пешниҳодро радд кард.

Ҳокими Дубай дар ин китоб, ки онро гузаштаи нотамоми худ меномад афзудааст, ки ин китоб сароғозе барои нигориши китоби торихи Аморот барои наслҳои оянда хоҳад буд, то наслҳои оянда бидонанд, ки омили бисёре аз дастовардҳои кунунӣ ва тарҳҳои тавсеъаи ин кишвар чӣ касе будааст.

Ӯ дар китоби худ аз тамосҳои маҳрамонаи худ бо Саддом ва пайомадҳои ҳамлаи Ироқ ба Кувайт дар соли 1990 парда бардошта ва гуфтааст, ки ин ҳамла сарфасли ҷадиде буд, ки сабаби тағйири авзоъи минтақа шуд.

Ӯ ҳамчунин дар китоби худ овардааст, ки Муъаммар Қаззофӣ раҳбари собиқи Либиё аз вай хоста буд, ки ба ӯ кӯмак кунад, то Таробилисро (Триполи) ба Дубайи дуввум табдил кунад. Албатта Қаззофӣ иродае барои тағйир надошт, балки дар орзуи тағйир буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97